|
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – мақоми марказии ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна
Бо мақсади ҳарчи амиқ гардонидани ислоҳоти идоракунии давлатӣ, ташаккул додани системаи шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфакорӣ, пурсамар истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 9 аз 30 ноябри соли 2006 «Дар бораи такмил додани сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори нави мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия тасдиқ карда шудааст.
Дар асоси ин Фармон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, ба он вазифаҳои собиқ Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои собиқ Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармоя, ҳамчунин масъалаҳои собиқ Агентии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии соҳибкорӣ вогузор гардиданд. Ҳамин тариқ, масъалаҳои фароҳам сохтани муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва афзоиш додани воридоти сармоя ба мамлакат, ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна, ҳамчунин дастгирии рушди соҳибкорӣ дар мақоми ягонаи давлатии идоракунӣ марказонида шуданд, ки бояд ҳалли самараноки онҳоро таъмин созад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар асоси «Дастур дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 тасдиқ шудааст, фаъолият менамояд ва дар асоси он муқаррар гардидааст, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар доираи ваколатҳои худ сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сармоягузорӣ, идораи амволи давлатӣ, роҳбарӣ ва амалӣ намудани ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамчун молик намояндагӣ кардан ва манфиатҳои давлатро сурат дода, дар соҳаи татбиқи барномаҳои дастгирии соҳибкорон фаъолият мекунад.
Ҳукумат чунин дар назар дорад, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ҳамаи ташкилотҳои байналмилалии дар доираи дастрас кардани кӯмаки беруна фаъолиятдошта бояд ҳамкори асосӣ гардад.
Дар асоси мақсаду вазифаҳои худ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соҳаи кӯмаки беруна фаъолияти бисёрҷабҳаро сурат медиҳад, ки иборат аст аз:
. ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна бо назардошти таркибҳои минтақавию бахшҳо ва идоракунии раванди он; . ҳамдастӣ бо Ҳамкорони оид ба рушд; . пешбурд ва баҳрабардории Махзани маълумоти системаи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва таҳқиқу таҳлили (мониторинги) лоиҳаҳо; . такмил додани Махзани маълумоти системаи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва таҳқиқу таҳлили (мониторинги) лоиҳаҳо ва ҷойгиронии онҳо дар интернет; . ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии идоракунӣ оид ба масъалаҳои расонидани кӯмаки беруна ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ; . идора кардани қарзҳои аз ниҳодҳои (институтҳои) байналмилалии молиявӣ гирифташуда; . ҷиҳати ҷалби миқдори иловагии кӯмаки беруна барқарор намудани робитаҳои байниҳамдигарӣ бо ташкилотҳои донории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятнадошта; . иштирок дар амалӣ сохтани Барномаи сармоягузории давлатӣ ва кӯмаки техникӣ; . таҳия ва ба табъ расонидани нашрияҳои ҳарсолаи «Ҳамкорони оид ба рушд» ва «Ҳисобот дар бораи кӯмаки беруна»; . расонидани маълумот ба ташкилотҳои манфиатдор ва аҳли ҷамъият дар бораи кӯмаки берунае, ки дастрас мешавад.
Ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна мебошад. Бо мақсади иҷрои бомуваффақияти он Кумита корҳои зеринро анҷом медиҳад:
. ҷамъ овардан ва паҳн кардани маълумот дар бораи тамоми Ҳамкорони оид ба рушд ва аз рӯи ҳамаи намудҳои кӯмак;
. ҳамкорӣ бо донорҳо оид ба масъалаҳои табдил додани ваъдаҳои онҳо оиди расонидани кӯмаки беруна ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯҳдадориҳои мушаххаси дар асоси созишномаҳои дахлдор ҳосилшуда ва татбиқи минбаъдаи онҳо дар доираи лоиҳаҳои мушаххас;
. ҳамоҳангсозӣ ва таҳқиқу таҳлили (мониторинги) фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи расонидани ҳамаи намудҳои кӯмак ба Тоҷикистон;
. таҳқиқу таҳлили (мониторинги) иҷрои лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби кӯмаки беруна амалӣ гардонида мешаванд;
. таҳлили вазъи корҳои ҷалб кардан ва истифодаи ҳамаи намудҳои кӯмаки беруна ва таҳияи пешниҳоду тавсияҳо ҷиҳати беҳтар намудани он;
. амалӣ гардонидани маҷмӯи тадбирҳо оиди беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷие, ки дар ҷараёни расонидани кӯмаки беруна иштирок доранд, дарёфти манбаъҳои маблағгузории лоиҳаҳои нав, муайян намудани агентиҳои иҷроия ва ғайра.
Ҳамдастӣ бо Ҳамкорони оид ба рушд
Сотрудничество с Партнерами по развитию Роҳандозӣ кардан ва инкишоф додани ҳамдастӣ бо Ҳамкорони оид ба рушд бо назардошти ҳамоҳангсозии амалҳои тарафҳо оид ба масъалаҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмаки беруна, мубодилаи мунтазами маълумоти дахлдор, мусоидат ба ҳамдигар дар ҳалли вазифаҳои дар назди тарафҳо истода, ҳамчунин дигар масъалаҳои вобаста ба расонидани кӯмаки беруна ба Тоҷикистон қисмати муҳимтарини фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мебошад.
Мутобиқи Дастури амалкунанда Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сохтори асосии ҳукуматӣ мебошад, ки ҳамдастиро бо ҳамаи Ҳамкорони оид ба рушд аз рӯи тамоми қисматҳои масъалаҳои расонидани кӯмаки беруна ба Тоҷикистон таъмин месозад.
Ҳамкории Кумитаи давлатӣ бо Ҳамкорони оид ба рушд аз рӯи самтҳои зерин сурат гирифта метавонад: . ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҳамдастии Ҳамкорони оид ба рушд бо мақомоти идоракунии давлатии зинаҳои гуногун; . баррасии натиҷаҳои таҳқиқу таҳлили (мониторинги) лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо мақсади андешидани чораҳои таъҷилӣ ҷиҳати ҳалли масъалаю проблемаҳои пешомада; . расонидани ёрӣ ба Ҳамкорони оид ба рушд дар бобати дарёфт ва интихоби лоиҳаҳои афзалиятноки расонидани кӯмаки беруна дар навбати аввал дар доираи Барномаи давлатии сармоягузорӣ; . аз ҷониби Ҳамкорони оид ба рушд дастрас гардидани маълумот барои навсозии Махзани маълумоти системаи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва таҳқиқу таҳлили (мониторинги) Кумитаи давлатӣ бо назардошти соҳаи ташкилот ва гузоришҳои иҷрои лоиҳаҳо; . якҷоя гузаронидани конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳои вобаста ба расонидани кӯмаки беруна ба Ҷумҳурии Тоҷикистон; . машварат ва мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои расонидани кӯмаки беруна ба Тоҷикистон аз ҷониби Ҳамкорони оид ба рушд, истифодаи мақсадноку пурсамари он, муайян намудани бахшу лоиҳаҳои афзалиятнок ва ғайра.
Пешбурд ва баҳрабардории Махзани маълумот
Бо мақсади беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва такмил додани таҳлили истифодаи самараноки кӯмаки беруна бо дастгирии ду лоиҳаи Кӯмаки техникии Бонки Осиёии Рушд Махзани маълумоти системаи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва таҳқиқу таҳлили (мониторинги) лоиҳаҳо ташкил намуда, ҳамчунин мукаммал карда мешавад.
Дар Махзани маълумот дар бораи ҳамаи созишномаҳои расонидани кӯмаки беруна ва алоқамандии онҳо бо Барномаи давлатии сармоягузорӣ иттилоот дарҷ мегардад. Аз он маълумоти зеринро дастрас кардан мумкин аст:
. ӯҳдадориҳое, ки Ҳамкорони оид ба рушд дар айни замон бар дӯш доранд;
. кредиту грантҳои додашуда ва истифодаи онҳо;
. тақсими кӯмаки беруна аз рӯи намудҳои (категорияҳои) пардохтҳо;
. вазъи пардохтии Ҳамкорони оид ба рушд;
. мақоми татбиқи лоиҳаҳо аз рӯи бахшҳои иқтисодиёт ва минтақаҳо;
. ҳамчунин дигар иттилооти муфид.
Махзани маълумоти системаи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва таҳқиқу таҳлили (мониторинги) лоиҳаҳо олати муҳими ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна мебошад, ки дар асоси ворид намудан ва коркарди иттилоот дар бораи расонидани кӯмаки беруна аз ҷониби Ҳамкорони оид ба рушд ва мақоми татбиқи ҳамаи созишномаю лоиҳаҳо барои амалӣ гардонидани таҳлили ҳамаҷониба ва баҳодиҳии вазъи кори соҳаи кӯмаки беруна, андешидани чораҳои мувофиқашудаи баланд бардоштани самаранокӣ ва мақсаднок истифода гардидани он шароит фароҳам меорад.
Аз ин лиҳоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ҳамдастӣ бо Ҳамкорони оид ба рушд аҳамияти калон медиҳад ва итминон дорад, ки муҳим будани ин масъала ва аз ҷониби онҳо расонидани мусоидати амалӣ зимни дастрас намудани иттилооти саривақтию мукаммал дар бораи кӯмаки аз тарафи онҳо расонидашаванда дарк мегардад.
Дар айни замон Барномаи давлатии сармоягузорӣ дар доираи Кӯмаки техникии Бонки Осиёии Рушд TAJ4546 навсозии Махзани маълумотро иҷро менамояд то ки он ба талаботи пешниҳодшаванда комилан ҷавобгӯ бошад ва дар он вазъи воқеии кори ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна ба Тоҷикистон дарҷ карда шавад.
Ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва маҳалҳо
Фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар бобати ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна дар ҳамкории зич ва ҳамбастагӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҳамчунин ҳукуматҳои маҳаллӣ сурат мегирад.
Аз ҷумла, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз рӯи масъалаҳои таҳия ва иҷрои Барномаи давлатии сармоягузорӣ ва кӯмаки техникӣ ҳамкорӣ менамояд.
Ҳамзамон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд манфиатҳои вазорату идораҳои соҳавиро ҳангоми муносибат бо Ҳамкорони оид ба рушд аз рӯи масъалаҳои расонидани кӯмаки беруна пешниҳод намояд, ба роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо мусоидат кунад, манбаъҳои маблағгузории онҳоро дарёфт созад ва ҳангоми татбиқи онҳо таҳқиқу таҳлили (мониторинги) якҷояро анҷом диҳад.
Марҳалаи нави беҳтар намудани ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо вазорату идораҳо бо инкишофи ҳамоҳангсозиии бахшҳои кӯмаки беруна алоқаманд мебошад, ки он барои афзоиши ҳаҷм, беҳтар намудани самаранокӣ ва мақсаднокии истифодаи кӯмаки беруна ҷиҳати ҳарчи бомуваффақият амалӣ гардонидани барномаҳои стратегии рушди соҳаҳо шароит фароҳам меорад.
Ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва маҳалҳо
Фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар бобати ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна дар ҳамкории зич ва ҳамбастагӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҳамчунин ҳукуматҳои маҳаллӣ сурат мегирад.
Аз ҷумла, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз рӯи масъалаҳои таҳия ва иҷрои Барномаи давлатии сармоягузорӣ ва кӯмаки техникӣ ҳамкорӣ менамояд.
Ҳамзамон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд манфиатҳои вазорату идораҳои соҳавиро ҳангоми муносибат бо Ҳамкорони оид ба рушд аз рӯи масъалаҳои расонидани кӯмаки беруна пешниҳод намояд, ба роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо мусоидат кунад, манбаъҳои маблағгузории онҳоро дарёфт созад ва ҳангоми татбиқи онҳо таҳқиқу таҳлили (мониторинги) якҷояро анҷом диҳад.
Марҳалаи нави беҳтар намудани ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо вазорату идораҳо бо инкишофи ҳамоҳангсозиии бахшҳои кӯмаки беруна алоқаманд мебошад, ки он барои афзоиши ҳаҷм, беҳтар намудани самаранокӣ ва мақсаднокии истифодаи кӯмаки беруна ҷиҳати ҳарчи бомуваффақият амалӣ гардонидани барномаҳои стратегии рушди соҳаҳо шароит фароҳам меорад.
Идоракунии манбаъҳои қарзгириҳо
Самаранок истифода бурдани қарзҳои (кредитҳои) аз ниҳодҳои (институтҳои) байналмилалӣ гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муҳими раванди ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна мебошад. Идоракунии манбаъҳои қарзгириҳо доираи васеи фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузориро дар назар дорад, ки омилҳои зеринро дарбар мегирад:
. ҳамоҳангсозии ҷараёни таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар доираи манбаъҳои қарзгириҳо сармоягузории ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ;
. таҳлили гузоришҳо ва дигар иттилооте, ки аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалии донорӣ, ҳамчунин марказҳои татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба истифодаи манбаъҳои қарзгириҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додашаванда, дастрас мегарданд; . ҳамкорӣ бо намояндагиҳо ва кордорони (миссияҳои) ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар бобати шарҳ ва баҳодиҳии истифодаи манбаъҳои қарзгириҳо, таҳияи нақшаи амалҳои якҷоя бо Ҳукумати ҶТ ва иҷрои онҳо; . таҳлилу таҳқиқ (мониторинг) ва баҳодиҳии лоиҳаҳои якҷояи сармоягузорӣ.
Нақши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳангоми таҳлилу таҳқиқи (мониторинги) рафти иҷрои лоиҳаҳои якҷояи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби агентиҳои ҳукуматӣ иҷро карда мешаванд, аз таъмини иҷрои системаноки таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва натиҷаҳои фаъолияти Марказҳои татбиқи лоиҳаҳо, ба Ҳукумати ҶТ дар ин хусус маълумот додан, андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли проблемаҳои дар ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо пешомада, иборат мебошад.
Бо ин мақсад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба ҳамаи паҳлуҳои лоиҳаҳои амалкунандаи сармоягузорӣ ва фаъолияти Марказҳои татбиқи лоиҳаҳо мунтазам маълумот ҷамъ оварда, онро таҳлил менамояд, доиман ба рафти иҷрои лоиҳаҳо, саривақт ва хушсифат сурат гирифтани чорабиниҳо назорат.
Фаъолияти иттилоотӣ ва таҳияи ҳисоботҳо
Бо мақсади таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофияти ҷараёни пешниҳоди кӯмаки беруна Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъолияти ба Ҳукумат, ташкилотҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷамъият расонидани маълумотро дар бораи вазъи ҷалби захираҳои беруна ва натиҷаҳои ба даст омада анҷом медиҳад.
Дар асоси дастур Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳар се моҳ ва ҷамъбасти сол ба Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар бораи фаъолияти агентиҳои иҷроия вобаста ба иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ маълумот пешниҳод менамояд.
Ҳар сол маълумотномаи «Ҳамкорони оид ба рушд» омода ва нашр карда мешавад, ки дар он иттиллот дар бораи Ҳамкорони оид ба рушд, самтҳо ва хусусияти фаъолияти онҳо, ҳамчунин «Ҳисобот дар бораи кӯмаки беруна» дарҷ мегарданд ва дар асоси иттилооти Махзани маълумоти системаи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва таҳқиқу таҳлили (мониторинги) лоиҳаҳо вазъи кори расонидани кӯмаки беруна ба Тоҷикистон таҳлил карда мешавад. Бо мақсади иҷрои самтҳои асосии фаъолияти худ ва вазифаҳои пешистода Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва истифодаи мақсадноки кӯмаки беруна ҷиҳати ба дараҷаи сифатан нав боло бурдани ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи ташкилотҳои манфиатдор саъю кӯшиш менамояд ва иқдомҳои мушаххасро амалӣ месозад.
|