Тақвим

 янв   Феврал 2012   мар

ЯДСЧПҶШ
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
26272829 
ASIC High Level Synthesis
Обу Ҳаво







АСОСӢ

Мӯҳтарам хонумҳо ва ҷанобон! 

 

 

Хуш омадед ба сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДСИАД), ки ба ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна бахшида шудааст.
Ин сомона, яке аз самтҳои фаъолияти КДСИАД-ро дар соҳаи ҷалбнамоӣ, истифодабарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ барои рушди Тоҷикистон равона шудааст, инъикос менамояд. Дар айни ҳол, Тоҷикистон, тақрибан бо 80 созмони байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад, ки КДСИАД бо онҳо муносибати зичи ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

2-ӯми ноябри соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорони рушд Стратегияи муштараки ҳамкории кишвариро (СМҲК) барои солҳои 2010-2012 ба имзо расониданд. Ба имзо расонидани ҳуҷҷати мазкур омода будани шариконро ба ҳамкорӣ дар иҷроиши масъалаҳои аввалиндараҷае, ки дар Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2006-2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ инъикос шудааст, шоҳидӣ медиҳад.

Дар ин сомона, Шумо метавонед бо иттилооти зарурӣ оид ба кӯмаки берунае, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад шиносоӣ пайдо намоед. Иттилооти сомона барои доираи васеъи истифодабарандагон, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва манфиатдорони бевосита равона шудааст.

Умедворем, ки иттилооти дар сомона ҷойгиршуда, ифодагари манфиати ҳама истифодабарандагон буда, ба афзоиши шаффофии ҷараёни ҷалб ва истифодаи мақсаднок ва самарабахши кӯмаки беруна, вусъат додани ҳаҷми ҳамкорӣ (кӯмак) аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ барои дастгирии ислоҳот ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягӯзорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Давлаталӣ Саидов



Маълумотномаи ҳарсолаи иттилоотии «Ҳамкорони оид ба рушд»

 
Дар гузориш дар бораи кӯмаки беруна ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти тамоми ҳамкорони оид ба рушд ва кӯмаки берунае, ки Тоҷикистон мегирад зикр ёфта, имкониятро барои беҳтар шудани ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи иштирокчиёни ҷараёни ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна фароҳам месозад. Мақсади маҷмӯаи мазкур аз баланд бардоштани дараҷаи огоҳии сохторҳои ҳукуматӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ва аҳли чамъият дар бораи вазъи воқеии расонидани кӯмаки беруна ба Тоҷикистон, дастрас сохтани маълумоти мушаххас дар бораи ҳар як лоиҳа (созишнома), ки дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби кӯмаки берунаи ҷалбшаванда амалӣ мегардад, иборат мебошад.

Иттилоот дар бораи ҳар як лоиҳа, аз ҷумла маълумот дар бораи манбаъҳо ва ҳаҷми кӯмак, дар кадом бахшу минтақаҳо амалӣ гардонда шудани лоиҳа, тақсими маблағҳо аз рӯи намудҳои хароҷот, мақоми татбиқи лоиҳа ва миқдори пардохтҳои суратгирифтаро дарбар мегирад. Муфассал...



Ҳисоботи солона дар бораи кӯмаки беруна

  
Дар гузориш дар бораи кӯмаки беруна ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти тамоми ҳамкорони оид ба рушд ва кӯмаки берунае, ки Тоҷикистон мегирад зикр ёфта, имкониятро барои беҳтар шудани ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи иштирокчиёни ҷараёни ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна фароҳам месозад.

Мақсади маҷмӯаи мазкур аз баланд бардоштани дараҷаи огоҳии сохторҳои ҳукуматӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ва аҳли чамъият дар бораи вазъи воқеии расонидани кӯмаки беруна ба Тоҷикистон, дастрас сохтани маълумоти мушаххас дар бораи ҳар як лоиҳа (созишнома), ки дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби кӯмаки берунаи ҷалбшаванда амалӣ мегардад, иборат мебошад. Иттилоот дар бораи ҳар як лоиҳа, аз ҷумла маълумот дар бораи манбаъҳо ва ҳаҷми кӯмак, дар кадом бахшу минтақаҳо амалӣ гардонда шудани лоиҳа, тақсими маблағҳо аз рӯи намудҳои хароҷот, мақоми татбиқи лоиҳа ва миқдори пардохтҳои суратгирифтаро дарбар мегирад. Муфассал....



Махзани маълумоти системаи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва мониторинги лоиҳаҳо

  
Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва такмил додани таҳлили самаранокии истифодаи кӯмаки беруна зимни ёрии техникии Бонки Осиёии Рушд Махзани маълумоти системаи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва таҳқиқу таҳлили лоиҳаҳо ташкил намудаву баҳрабардорӣ мегардад, ки дар он тамоми маълумот дар бораи кӯмаки беруна, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ расонида мешавад, ӯҳдадориҳо ва вазъи пардохтҳо, мақоми татбиқи лоиҳаҳо, андозаи кӯмак дар асоси тақсим ба бахшу минтақаҳо, ҳамчунин дигар иттилооти марбут ба соҳаи кӯмаки беруна ҷойгир кардаву мунтазам нав карда мешавад.

Ба Хазинаи маълумот иттилооте, ки аз донорҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳо, агентиҳои иҷроия ва дигар иштирокчиёни ҷараёни ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна ба Тоҷикистон мерасад, ворид мегардад.




Харитаи кӯмаки берунаи Тоҷикистон


Бо мақсади тавсири беҳтари маълумот оид ба тақсимоти ҷуғрофии лоиҳаҳои кӯмаки беруна бо дастгирии Лоиҳаи БР СММ «Дастгирии ҳамоҳангсозии самараноки миллии кӯмаки беруна ва пешбурди сармоягузориҳо» Харитаи кӯмаки берунаи Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Харитаи мазкур имконият медиҳад, ки вазъи тақсимоти кӯмаки беруна дар минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳлил намуда шавад.

Маълумот оид ба кӯмак дар шакли номгӯи муфассали лоиҳаҳо ва диаграма, ки сохтори кӯмакро бо соҳа ва минтақаҳо нишон медиҳад, пешниҳод шудааст. Доир ба ҳар як лоиҳаи кӯмаки беруна анкетаи мутобиқро гирифтан мумкин аст, ки аз маълумоти муфассал оид ба мақсадҳо, вазифаҳо, вазъи иҷроиш, нишондодҳои асосии лоиҳа ва муносибат бо СПСК иборат мебошад. Муфассал....
 
САТРИ АХБОРОТ
Анҷумани IV-и байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Бусан, Кореяи Ҷануби

Санаи 29 ноябр то 1 декабри соли 2011 дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Анҷумани байналмилалии сатҳи баланд оид ба самаранокии кӯмаки беруна, баргузор гардид.

Муфассал...
 
Ҷаласа оид ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон

Дар санаи 23-27 ноябри соли равон ҳайати Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон, ҳамраиси қисми тоҷикистонии Комиссияи байни ҳукуматии Тоҷикистону Қазокистон оид ба ҳамкориҳои иқтисоди Саидов Давлатали Шомаҳмадович ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 9-уми Комиссия ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд.

Муфассал...
 
Рушди ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузорӣ байни Тоҷикистону ҷопон

Имрӯз, 28 ноябри соли 2011 Муовини аввали Раиси Кумита – Эшонқулов A. бо машваратчиёни байналмилалӣ хонум Дорин Уилсон ва хонум Юргита Сиюгздиниене баҳри баррасии масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳои зичи тиҷоративу сармоягузории байни давлатҳои Тоҷикистону Ҷопон мулоқот доир намуд.

Муфассал...
 
Омодагӣ ба Анҷумани байналмилалии оид ба самаранокии кӯмаки беруна дар ш.Бусан

Бо мақсади баррасии масъалаҳои ташкилии иштироки ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалии оид ба самаранокии кӯмаки беруна, ки дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Кореяи Ҷануби, рӯзҳои 27-28 ноябри соли 2011 баргузор хоҳад гардид, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Д. Саидов бо ҷ-би Ҷоҷи Токешӣ - Роҳбари Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон, ки яке аз созмонҳои ташкилотчии Анҷумани зикршуда ба ҳисоб меравад вохӯрӣ доир намуд.

Муфассал...
 
Вохӯрии Раиси Кумита бо Сафири Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар ҶТ

Имрӯз, 23 ноябри соли 2011, вохурии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Д. Саидов бо сафири Ҷумҳурии Кореяи Ҷануби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ён Ҷеонг-Ку баргузор гардид.

Муфассал...
 
Рушди ҳамкориҳо бо Дафтари кишварии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ҶТ

Имрӯз, 10 ноябри соли 2011,  Раиси Кумита - Д. Саидов бо Директори Дафтари кишварии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Питер Микула ва намояндаи ҳайат оид ба идоракунии Барномаҳо дар ҳолатҳои фавқулодда Вилям Фрейем вохӯрӣ доир намуд.

Муфассал...
 
Баррасии масъалахои рудши соҳаи гиёҳпарварӣ

Имрӯз Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатали Саидов бо сохибкори франсузӣ Франсис Петре - иштирокчии Анҷумани соибкории аграрии бо ташабуси Кумита санаи 18 октябр баргузоргардида, ки дар соҳаи коркарди гиёҳҳои хушбӯй фаъолият менамояд, вохӯрӣ доир намуд.

Муфассал...
 
ҷамбасти фаолият дар 9 моҳи соли 2011

14 октябр дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2011 бо иштироки хайати роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои зертобеъи Кумита, роҳбарони раёсату шӯъбаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳо баргузор гардид. ҳамзамон, тавассути таҷҳизоти видеоконфронс роҳбарони раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар ҷаласа интерактивӣ ҳузур доштанд.

Муфассал...
 
Ташаббуси сармоягузории ҷДММ “Силверхилл Ресорсес ЛТД” (Швейтсария)

12-уми октябри соли 2011, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Д. Саидов бо Директори ҶДММ “Нуқрафом” – Чарлз Онунг ва муовини ӯ – Улуғбек Салимбекзода, ки муассис ва иштирокчии ягонаи ширкати мазкур ҶДММ “Силверхилл Ресорсес ЛТД” (Швейтсария) мебошад, вохӯрӣ доир намуд.

Муфассал...
 
Баррасии масъалаҳои энергетикӣ ва татбиқи Лоиҳаи CASA-1000

Имрӯз вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо мушовирону намояндагони USAID, аз қабили Роҳбари Барномаи минтақавии амнияти энергетикӣ, самаранокӣ ва тиҷоратии Reset, хонум ҷоелин Мерфи ва сармутахассис оид ба масъалаҳои сиёсати энергетикии Шӯъбаи рушди иқтисодии USAID ҷаноби Ҷ. Майкл Трейнор дар санаи 8 октябри соли 2011 доир гардид.

Муфассал...
 
ПРЕСС-РЕЛИЗ

Рӯзи 30 сентябри соли 2011 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 зикр гардидаанд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ” ба тасвиб расидааст.

Муфассал...
 
Семинари миллӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ баҳри рушди Тоҷикистон»

Рӯзи Душанбе, 30 августи соли 2011, дар толори конфронсии Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд Семинари миллӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ бахри рушди Тоҷикистон»-ро бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо намуд.

Муфассал...
 
Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти дар 6 моҳи соли 2011

26 июл дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2011 баргузор гардид.

Муфассал...
 
Тафсири муштараки маҷмўи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, ки аз ҷониби
1 апрели соли 2011 дар Кохи Ваҳдат Муҳокимаи шашуми муштарак оид ба Тафсири маҷмўи лоиҳаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Бонки Осиёии рушд ва Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд, барпо гардид.
Муфассал...
 
Муаррифии мониторинги Эъломияи Париж дар мулоќот бо Principals Group

10 феврали соли 2011, Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ҷ-би Давлаталӣ Саидов дар вохўрӣ бо «Principals Group» дар мавзўи «Мониторинги нишондодҳои Эъломияи Париж дар Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Мулоқот дар толори конфронсии БРСММ дар ш.Душанбе таҳти раисии Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Анри Зиппер де Фабиани баргузор гардид.

Муфассал...
 
Анҷумани рушди Тоҷикистон
Анҷумани рушди Тоҷикистон дар доираи Шўрои миллии рушди Тоҷикистон бо дарназардошти баррасии масъалаҳои басо муҳими иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, бо иштироки   бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон  рўзҳои 3- 4 декабри соли ҷорӣ  баргузор гардид. Дар ин чорабини наздики 200 иштирокчиён аз вазорату идорахои дахлдори мамлакат, бештар аз 20 кишвари чахон ва 19 созмонхои байналмилали иштирок намуданд.
Муфассал...
 
Семинари Миллии «Масъалаҳои такмили ҳамоҳангсозии кўмаки беруна дар Тоҷикист

Рўзи Душанбе, (13 октябри соли 2010) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДСИАД) Семинари миллӣ дар мавзўи «Масъалаҳои такмили ҳамоҳангсозии кўмаки беруна дар Тоҷикистон» дар толори конфронсии Кохи Ваҳдат барпо намуд. 

Муфассал...
 
Муҳокимаи масъалаҳои дастгирии самараноки идораи давлатӣ
Рўзи 24-уми августи соли 2010 вохўрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ҷ-би Давлаталӣ Саидов бо Директори кишварии Барномаи рушди СММ ҷ-би Растислав Врбенски ва Мушовири БРСММ хонум Дорин Уилсон доир гардид. Дар рафти вохўрии мазкур масъалаҳои дастгирӣ ва мусоидате, ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ ба бахши Идораи давлатӣ расонида мешавад, муҳокима шуд.
Муфассал...
 
Ҳамкорӣ бо мақсади такмил додани самаранокии кӯмаки беруна
16 апрели соли 2010 дар идораи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДСИАД), Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо (ШҲД) ва Барномаи рушди СММ Семинари тафсирии оид ба лоиҳаи «Дастгирии ҳамоҳангозии самараноки миллии кӯмаки беруна ва пешбурди сармоягузорӣ» гузаронида шуд.
Муфассал...
 
26.03.2010 Дар бинои ОБСЕ
26.03.2010 Дар бинои ОБСЕ, таҳти сарпарастии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳамкории ташкилотҳои байналмилалӣ бо иштироки намояндагонии ташкилотҳои ОБСЕ,
Муфассал...
 
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи кӯмаки техникии БРСММ «Дастгирии ҳамоҳангсозии самараноки миллии кӯмаки беруна ва пешбурди сармогузорӣ» маълумотномаҳои ҳарсолаи иттилоотии «Ҳамкорони рушд 2009-2010» ва «Ҳисоботи кӯмаки беруна - 2008»-ро омода намудааст.
Муфассал...
 
Тавзеҳи фаъолияти Бонки Осиёи Рушд ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
22.12.2009. Имрӯз Бонки Осиёи Рушд (БОР) ва Бонки Умумиҷаҳонӣ (БУ) натиҷаҳои худро оиди панҷумини тавзеҳи якҷояи иҷроиши сандуқи маблағгузорӣро пешниҳод карданд. Дар тавзеҳи мазкур, ки дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, рафти иҷроиши қарз ва грантҳои ба Тоҷикистон пешниҳодшуда арзёбӣ шуданд, ба омилҳои манфӣ ва мусбӣ равшани андохтанд ва чорабиниҳои ислоҳкунӣ, ки Ҳукумат, БОР ва БУ бояд ичро кард, мувофиқа шуданд.
Муфассал...
 
Муҳити тиҷорат дар Тоҷикистон бо нигоҳи намояндагони соҳибкории хурд в
Муҳити тиҷорат дар Тоҷикистон бо нигоҳи намояндагони соҳибкории хурд ва миёна барои соли 2009. 16 декабри соли 2009 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ муаррифии Ҳисоботи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ) - узви гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардид.
Муфассал...
 
14 декабри соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
14 декабри соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи боз кардани расмии ҳуҷҷатҳои тахассусии пешниҳодшудаи ширкатҳои ҳавасманди иштирокчии тендери эълоншуда, барои мансуб шудан ба ҳуқуқи коркарди кони нуқраи Конимансури Калон шуда гузашт.
Муфассал...