Мӯҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!
 |
Хуш омадед ба сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДСИАД), ки ба ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна бахшида шудааст.
Ин сомона, яке аз самтҳои фаъолияти КДСИАД-ро дар соҳаи ҷалбнамоӣ, истифодабарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ барои рушди Тоҷикистон равона шудааст, инъикос менамояд. Дар айни ҳол, Тоҷикистон, тақрибан бо 80 созмони байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад, ки КДСИАД бо онҳо муносибати зичи ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
2-ӯми ноябри соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорони рушд Стратегияи муштараки ҳамкории кишвариро (СМҲК) барои солҳои 2010-2012 ба имзо расониданд. Ба имзо расонидани ҳуҷҷати мазкур омода будани шариконро ба ҳамкорӣ дар иҷроиши масъалаҳои аввалиндараҷае, ки дар Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2006-2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ инъикос шудааст, шоҳидӣ медиҳад.
Дар ин сомона, Шумо метавонед бо иттилооти зарурӣ оид ба кӯмаки берунае, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад шиносоӣ пайдо намоед. Иттилооти сомона барои доираи васеъи истифодабарандагон, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва манфиатдорони бевосита равона шудааст.
Умедворем, ки иттилооти дар сомона ҷойгиршуда, ифодагари манфиати ҳама истифодабарандагон буда, ба афзоиши шаффофии ҷараёни ҷалб ва истифодаи мақсаднок ва самарабахши кӯмаки беруна, вусъат додани ҳаҷми ҳамкорӣ (кӯмак) аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ барои дастгирии ислоҳот ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягӯзорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Давлаталӣ Саидов
Маълумотномаи ҳарсолаи иттилоотии «Ҳамкорони оид ба рушд»
Дар гузориш дар бораи кӯмаки беруна ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти тамоми ҳамкорони оид ба рушд ва кӯмаки берунае, ки Тоҷикистон мегирад зикр ёфта, имкониятро барои беҳтар шудани ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи иштирокчиёни ҷараёни ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна фароҳам месозад. Мақсади маҷмӯаи мазкур аз баланд бардоштани дараҷаи огоҳии сохторҳои ҳукуматӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ва аҳли чамъият дар бораи вазъи воқеии расонидани кӯмаки беруна ба Тоҷикистон, дастрас сохтани маълумоти мушаххас дар бораи ҳар як лоиҳа (созишнома), ки дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби кӯмаки берунаи ҷалбшаванда амалӣ мегардад, иборат мебошад.
Иттилоот дар бораи ҳар як лоиҳа, аз ҷумла маълумот дар бораи манбаъҳо ва ҳаҷми кӯмак, дар кадом бахшу минтақаҳо амалӣ гардонда шудани лоиҳа, тақсими маблағҳо аз рӯи намудҳои хароҷот, мақоми татбиқи лоиҳа ва миқдори пардохтҳои суратгирифтаро дарбар мегирад.
Ҳисоботи солона дар бораи кӯмаки беруна
Дар гузориш дар бораи кӯмаки беруна ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти тамоми ҳамкорони оид ба рушд ва кӯмаки берунае, ки Тоҷикистон мегирад зикр ёфта, имкониятро барои беҳтар шудани ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи иштирокчиёни ҷараёни ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна фароҳам месозад.
Мақсади маҷмӯаи мазкур аз баланд бардоштани дараҷаи огоҳии сохторҳои ҳукуматӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ва аҳли чамъият дар бораи вазъи воқеии расонидани кӯмаки беруна ба Тоҷикистон, дастрас сохтани маълумоти мушаххас дар бораи ҳар як лоиҳа (созишнома), ки дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби кӯмаки берунаи ҷалбшаванда амалӣ мегардад, иборат мебошад. Иттилоот дар бораи ҳар як лоиҳа, аз ҷумла маълумот дар бораи манбаъҳо ва ҳаҷми кӯмак, дар кадом бахшу минтақаҳо амалӣ гардонда шудани лоиҳа, тақсими маблағҳо аз рӯи намудҳои хароҷот, мақоми татбиқи лоиҳа ва миқдори пардохтҳои суратгирифтаро дарбар мегирад
Махзани маълумоти системаи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва мониторинги лоиҳаҳо
Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва такмил додани таҳлили самаранокии истифодаи кӯмаки беруна зимни ёрии техникии Бонки Осиёии Рушд Махзани маълумоти системаи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва таҳқиқу таҳлили лоиҳаҳо ташкил намудаву баҳрабардорӣ мегардад, ки дар он тамоми маълумот дар бораи кӯмаки беруна, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ расонида мешавад, ӯҳдадориҳо ва вазъи пардохтҳо, мақоми татбиқи лоиҳаҳо, андозаи кӯмак дар асоси тақсим ба бахшу минтақаҳо, ҳамчунин дигар иттилооти марбут ба соҳаи кӯмаки беруна ҷойгир кардаву мунтазам нав карда мешавад.
Ба Хазинаи маълумот иттилооте, ки аз донорҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳо, агентиҳои иҷроия ва дигар иштирокчиёни ҷараёни ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна ба Тоҷикистон мерасад, ворид мегардад.